Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТУҲФАИ РАЁСАТИ МАТЛУБОТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

3 майи соли равон сардори Раёсати ҷамъияти «Тоҷикматлубот» дар вилояти Хатлон Азизулло Соҳибов ва чанде аз соҳибкорон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус дар шаҳри Ҳисор, ки дар он асосан беморони полеомелит аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд, ташриф оварданд.
Меҳмонони хатлониро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар ҳавлии муассиса пазироӣ намуда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Ҳунармандони мактаб-интернат маҳсули ҳунарҳои дастиашонро ба намоиш гузошта, чун рамзи эҳтиром ва миннатдорӣ меҳмононро бо рақсу суруд истиқбол гирифтанд ва роҳбари муассиса барои дастгириву кӯмакҳои пайвастаи Раёсати вилоятии “Тоҷикматлубот” изҳори сипос намуд.
Азизулло Соҳибов дар ошхонаи муассиса барои 300 нафар тарбиягирандагон ва устодону мураббиҳои муассиса дастархон ороста, ба якчанд нафар аробача, асобағал ва маблағҳои пулӣ туҳфа кард ва омодагии хешро барои минбаъд низ, дастгириву парасторӣ намудани хонандагони имконияташон маҳдуди мактаб-интернат иброз дошт.