
Бештари муроҷиати шаҳрвандон барои мусоидат намудан ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ рабт дошта, ҳамчунин оид ба расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ барои табобат, баҳсҳои риоя нашудани шартномаҳо байни шаҳрванд ва ширкатҳои сохтмонӣ, шикоят аз ташхиси комиссияи тиббӣ дар комиссариати ҳарбӣ, таъмин намудан бо ҷойи кор, мусоидат ба ҳуҷҷатгузорӣ намудани иншооти соҳаи маориф дар деҳоти Ҳисор, тӯл кашидани сохтмони бинои истиқоматӣ барои маъюбони нобино дар деҳаи Ҳаёти Нав ва мусоидат намудан ба баргузории намоишҳои театрӣ аз ҷониби театри ҷавонони пойтахт дар шаҳри Ҳисор дархосту пешниҳод ироа гардид.
Носирзода Ҷаббор вобаста ба таҳлилу баррасии масъалаҳои аз ҷониби муроҷиаткунандагон матраҳ шуда, ва ирсоли ҷавобҳои хаттӣ ва қонеъкунанда ба онҳо масъулони дахлдорро вазифадор намуд.




и ещё 4
Посмотреть статистику
Охват публикации: 0
Нравится
Комментировать
Поделиться