Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ДӮСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ШАҲРИ ҲИСОР

29 июн раиси Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо, ки барои баррасии масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба шаҳри Ҳисор ташриф овад.
Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо ва ҳайати ҳамроҳонашро дар даромадгоҳи шаҳр иҷрокунадаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Меҳмононро, ҳамчунин, дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, назди Арки Қалъаи таърихии Ҳисор бо садои сурнаю карнай ва тибқи таомули аҷдодӣ бо нону ширинӣ истиқбол гирифта, бо гӯшаҳои таърихии он, аз ҷумла Арк ва дарвозаи Қалъа, Қасри Ҳоким, Аскархона, Амфитеатр, мадрасаҳои Куҳна ва Нав, Масҷиди Сангӣ, осорхонаи Мамнуъгоҳ ва дӯкону растаҳои ҳунармандӣ шинос намуданд.
Дар мамнуъгоҳ, меҳмонон аз Масҷиди Сангӣ, ки тибқи махзанҳои таърихӣ, дар асри 8-уми мелодӣ, замони салтанати Кутайба ибн Муслим дар Хуросон бунёд ёфтааст, боздид намуда, бо лоиҳаи таъмиру эҳёи масҷид шинос шуданд ва барои обод намудани он ҳавасмандии хешро иброз доштанд.
Меҳмонон ба соҳаи кишоварзии шаҳр мароқ зоҳир карда, аз гармхонаҳо барои парвариши сабзавот дар ҶДММ “50-солагии Октябр” ва боғи мева дар Ҷамоати деҳоти “Мирзо Ризо” дидан намуданд.
Барои фароғати меҳмонон, дар боғи зимистонаи “Шаршара” бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанг чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.
Меҳмонон бо як ҷаҳон таасуроти хотирмон аз таърихи Ҳисор, табъи хушу болида аз табиати зебои он ва пазироиву меҳмоннавозии саммимию бомуҳаббати сокинони шаҳри Ҳисор ба пойтахт-шаҳри Душанбе баргаштанд.