Шоми дирӯз дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор бозии ниҳоии футбол байни дастаҳои лигаи дуюми футболи мамлакат -“Рангон”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Муассисаи давлатии мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокирови шаҳри Ҳисор, барои гирифтани “Ҷоми Душанбе” баргузор гардид.
Бозӣ дар ду қисм бенатиҷа анҷом ёфта, доварон барои муайян намудани дастаи ғолиб ба дарвозаи ҳарду даста панҷтогӣ тӯби ёздаҳметра таъйин намуданд.
Меҳмонон, нисбат ба соҳибони майдон як тӯб камтар вориди дарвоза намуда, ғолиби даври ниҳоӣ ва соҳиби “Ҷоми Душанбе” Мактаби варзишии шаҳри Ҳисор дониста шуд.
Ҷом ва медалу туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот ба дастаи ғолиб ва дастаи соҳиби ҷойи дуюм аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин ва директори Мактаби варзишии шаҳри Ҳисор Диловар Орзуев тақдим карда шуд.
