Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар роҳҳои канории Ҷамоати шаҳраки Ҳисор таъмиру тармими роҳҳое, ки солҳои зиёд аз таъмир бозмонда буд, оғоз гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо ҷараёни мумфаршкунии роҳ дар маҳаллаҳои шаҳраки Ҳисор шинос шуда, бо иштироки кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви маҳаллаи Шарқ ба мумфаршкунии роҳ оғоз бахшид.
Ба раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳисор Абдушукур Аловиддинов ва раиси маҳаллаи Шарқ таъкид намуд, ки бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ ду шафати роҳи мумфаршшударо бетонпӯш намоянд ва ин тадбир муҳлати истифодаи роҳро бештар менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи сипаришуда дар маҳаллаи Абдувоҳид Каримов қисмати поёнии роҳи кӯчаи Муҳаммадӣ Сатторов низ, то охири кӯча пурра мумфарш карда шуд.
