Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИДОМАИ МУМФАРШКУНӢ ДАР ДАҲБЕДИ ҲИСОР

Фарзандони шодравон Ҳақризо Юсуфов аз деҳаи Даҳбед, Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бо мақсади ба ҷо овардани васияти падар, тасмим гирифтанд роҳҳои боқимондаи таъмирталабро дар ҳудуди деҳа ва атрофи он мумфарш намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл ин ҷавонмардон ду қисмати роҳро дар шафати деҳа мумфарш карда, мушкилии сокинон ва меҳмонони Даҳбедро осон намуда буданд.
Дар суҳбат яке аз фарзандони марҳум иброз дошт, ки қиблагоҳашон таъкид намудааст фоидае, ки аз боғи меваи ҶДММ “Юсуф”, ки ба хонадони онҳо таалуқ дорад, мегиранд, ҳамасола, пурра барои таъмири роҳҳои деҳа ва атрофи он масраф намоянд.
– Ба хотири эҳтиром ва оромии рӯҳи падар ин иқдомро пайваста идома хоҳем дод, – иброз дошт Абдуҷалил Юсуфов фарзанди марде, ки як умр дороиҳояшро ба нафъи мардуми диёр сарф намудааст – бобои зиндаёд Ҳақризо Юсуфов.