Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

4 июли соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки ҳамасола таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд баргузор мегардад, ҷамъбаст гардид.
Ба ин муносибат бо иштироки ғолибон, устодону ҳаводорони довталабони озмун чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ доир гардида, муовини раиси шаҳр Бунафша Юлдошзода зимни суханронӣ ғолибони даври шаҳриро муборакбод гуфт ва барои иштирок дар даври минтақавӣ барору муваффақият таманно намуд.
Зикр гардид, ки дар даври ибтидоии интихобӣ 965 нафар иштирок карда, 157 нафар ҳуқуқи иштирок ба даври шаҳриро пайдо намуданд. Аз ин шумора, 44 нафар ғолиб дониста шуданд ва ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Ғолибон бо Диплому ҷоиза ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.