23 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор вохӯрии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша бо бонувон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмони олиқадр, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша ва ҳайати ҳамроҳонашро ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон, афзуд ки мулоқоти мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, дар мулоқот бо олимон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар ироа доштанд, инчунин, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки аз санаи 20 июли соли равон бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифт, баргузор мегардад.
Файзиддинзода Бунафша зимни суханронӣ аз гуруснагӣ, рӯзгори талхи солҳои аввали соҳибистиқлолии мардуми тоҷик, оворагию рӯй ба ғарибӣ овардани онҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодии он низ аз байн рафт ва барои Тоҷикистони тозаистиқлол мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро дар тамоми соҳаҳо, хосатан, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраҳо ба бор овард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ҳадаф қарор дода, имрӯз таҳти сарварии оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоистаи мардум устуворона пеш меравад.
Баъдан, қабули қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ки аз санаи 20 июли соли равон бо тағйиру иловаҳои нав вориди амал шуд, шарҳу тавзеҳ дода, афзуд, ки талаботу меъёрҳои ин қонунҳо ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд равона гардидаанд.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қувваи дигар бештар аз занону бонувон саҳм гирифта наметавонад.
Аз 2 то ба 5 миллион сомонӣ расидани Гранти президентӣ барои бонувони ҳунарманд ва соҳибкор ва дигар ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳо оварда, даъват намуд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ба тарбияи насли наврас ва ҷавон, ки пойдориву устувории давлат аз онҳо сарчашма мегирад, аз заковат ва ақлу хирад кор бигирем. Аз ба хурофоту бегонапарастӣ рӯ овардани онҳо ҷилавгирӣ карда, расму оин, фарҳангу ҳунари миллии худро талқин намоем.
Сархатиби шаҳр Азалшо Шарифзода ва собиқадори соҳаи маориф Кенҷамоҳ Нурализода низ суханронӣ карда, роҷеъ ба қонунҳои миллӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Носирзода Ҷаббор мухтасар суханронӣ карда, нақши занонро дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардан аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар баробари таъмини ҳуқуқу манфиатҳои зан ва оила, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ҳамчунин, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон пайваста мусоидат менамояд ва минбаъд низ барои татбиқи ин ҳадафҳо ва риоя гардидани талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.