Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАШРИФИ МУОВИНИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ БА ШАҲРИ ҲИСОР

30 июли соли равон муовини Дабири кулли СММ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян, ки бо сафари корӣ дар пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе қарор дорад, ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор, назди остонаи Арки Қалъа иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфт.
Сипас, меҳмононро тибқи таомули аҷдодӣ кормандони Мамнуъгоҳ ва ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр таҳти садои сурнаю карнай ва бо нону ширинӣ бо қироати панди Устод Рӯдакӣ “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон” – бо се забон, истиқбол гирифта, қудумашонро ба диёри куҳанбунёди Ҳисор мубораку хуҷаста хонданд.
Мовсес Абелян аз Арк, Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандӣ ва осорхонаи таърихию фарҳангии Мамнуъгоҳ дидан карда, ба таъриху фарҳанги гузаштаи мардуми шаҳри бостонии Ҳисор шинос гардид ва баҳои баланд дод.
Носирзода Ҷаббор чун рамзи эҳтиром, ба муовини Дабири кулли СММ – Мовсес Абелян акси хакокишудаи Қалъаи Ҳисор дар маснуоти кулолӣ ва ёдоштнома оид ба таърихи Ҳисор бо забонҳои хориҷиро туҳфа намуд.
Меҳмони олиқадр аз самимияту муҳаббат ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони Ҳисори Шодмон бо қаноатмандӣ ситоиш карда афзуд, ки воқеан худро байни дӯстони қадрдону самимӣ эҳсос намуд ва волонеъмативу илтифоте, ки нисбаташ зоҳир гардид, фаромӯш нахоҳад кард.