5 августи соли 2024 дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 29 июли соли равон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ машварати назоратии раиси шаҳр доир гардид.
Носирзода Ҷаббор аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда иброз дошт, ки Роҳбари давлат зимни суханронӣ бо ишора ба масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиии мамлакатро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардидааст.
Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шудааст ва нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ мебошад.
Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ новобаста ба мушкилоту монеаҳои мавҷуда суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шавад.
Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ, ба таври электронӣ ва фосилавӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои давлатӣ, ба роҳ мондани қабули пардохтҳо ба тариқи ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои давлатӣ, бахусус, дар муассисаҳои тиббӣ, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва сохторҳои он, бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳо, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ, дарёфти манбаъҳои нави даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав дар соли 2024 супоришҳои мушаххас доданд.
Масъулин вазифадор шуданд, ки дар самти пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо, беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои зарурӣ андешида, нақшаи маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин созанд.
Ҷорӣ намудани низоми биллинги, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ ва якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сари вақт аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ҷамъоварӣ кардани маблағ таъмин карда шавад.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин, ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо, дода шуд.
Дар идомаи машварат, роҳбари шаҳр вазъи соҳаи кишоварзиро дар самти чорводирою зироаткорӣ, аз ҷумла ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши пахта, захираи хӯроки чорво, кишти такрорӣ, бахусус, кишти такрории картошка дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ муфассал таҳлил намуда, як қатор камбудиҳоро баён дошт ва аз фаъолияти масъулони соҳа изҳори нигаронӣ намуд. Сипас, ҳисоботи муовинон, ҳамзамон роҳбарони зергурӯҳҳои кориро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда ва корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолият шунид ва вазифаҳоро барои ҳафтаи ҷорӣ мушаххас намуд.