Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ВУСЪАТИ КОРОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТИ ДЕҲҚОНОБОД

Имрӯз субҳ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор аз корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод боздид намуда, дар деҳаи Хоҷамӯссо бо рафти корҳои таъмири роҳ, хатҳои барқ ва кандани чоҳи амудӣ шинос гардид.
Ҳамчунин, дар мавзеи ҳашарҳои ташкилшуда бо пиру барнои деҳа суҳбат ороста, барои иқдоми ободкорони мардум, ки дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маънидод гардид, сипосгузорӣ намуд.
Тавре Баҳриддин Солеҳов-раиси ҶДММ ба номи Латиф Муродов иброз дошт, аҳолии деҳаҳои Содиқӣ ва Хоҷамӯссо тасмим гирифтаанд симчӯбу ноқилҳои фарсудаи барқро пурра иваз, роҳҳои дохилидеҳавиро таъмиру азнавсозӣ ва бетонпӯш карда, инчунин чоҳи амудӣ кофта аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин ва чун армуғон ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон туҳфа намоянд.