Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРА ДАР МАШВАРАТИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР

12 августи соли равон таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ ва раисони танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат, нахуст нафароне, ки ба вазифаю мансабҳои роҳбарии шуъбаю бахш ва идораҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъин шуданд муаррифӣ гардиданд ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Изатулло Бобоев лоиҳаи қарорҳои дахлдорро вобаста ба масъалаи мазкур қироат намуд. Тибқи он аз 9 августи соли 2024, №1/1410 (12) Ҷомиев Фаридун Бахтиёрович ба мансаби мудири бахши меъморӣ ва сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Юсуфзода Абдуҷалил Ҳақризо аз 8 августи соли 2024 ба мансаби сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор Акобиров Қаноатшо Мустамирович аз 9 августи соли 2024 ба вазифаи директори Муассисаи давлатии ободонӣ ва кабудизоркунии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Қаюмзода Аҳмад Шокир аз 5 августи соли 2024 ба мансаби мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и шаҳри Ҳисор таъин карда шуданд.
Сипас, пешниҳоди прокуратураи шаҳр оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар қироати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин шунида шуд.
Дар пешниҳоди прокуратура, аз ҷумла дарҷ шудааст, ки зимни санҷишҳо дар фаъолияти бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор камбудиҳо ошкор шудааст. Аз ҷумла, дар гузоришҳо доир ба баргузории тӯю маъракаҳо хароҷот ва забҳи чорво шубҳаовар ба назар расида, собит месозад, ки кори комиссияҳои доимоамалкунанда ва ҷамъиятӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҷиҳати пешгирӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ қариб, ки амалан коре ба субут нарасидааст. Ҳамкории бахш бо комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар сатҳи паст қарор дошта, бо тасиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо менамояд.
Ҳамчунин, дар пешниҳоди прокуратура оид ба тамоюли зиёдшавии сафи занон ва ҳатто кӯдакон ба ҳаҷи умра тавассути ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ва бидуни бақайдгирии давлатӣ сафарбар шудани онҳо ба сафари ҳаҷ дарҷ гардидааст.
Вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида, дар пешниҳод таъкид шудааст, ки МИҲД-и шаҳр бо таъсиси комиссияи босалоҳият ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасогиҳои ҷойдошта фаъолиятро таҳким бахшанд ва нисбати шахсони масъул, ки дар ин самт беназоратию фориғболӣ намудаанд чораҳои интизомӣ андешиданд ва аз натиҷааш ба прокуратураи шаҳр маълумоти хаттӣ ирсол намояд.
Дар идомаи машварат муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолият ва супоришҳои протоколи машварати назоратии раиси шаҳр аз санаи 5 августи соли равон ҳисобот доданд ва Носирзода Ҷаббор оид ба рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ ва аъзои гурӯҳҳоро пурсиш намуд.