Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ ДАР ВАТАНИ АСЛИАШ ҲИСОРИ ШОДМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

17 августи соли равон Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ», ки дар кишвари мо рӯзҳои 16-17 август дар назар дошта шуда буд, дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор идома ёфт.
Ба истиқболи меҳмонон, иштирокчиёни Фестивал, олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар кишварҳои хориҷӣ дар даромадгоҳи варзишгоҳ ҳунармандону кадбонуҳои шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро ташкил карда, пешкаши меҳмонону сокинони шаҳр намуданд.
Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи корҳои илмӣ, техникаю таҷҳизот ва доруворию вояҳои зидди бемориҳои ҳайвонотро дар масири тамошо гузоштанд.
Дар гирдо-гирди майдони варзишгоҳ чорводорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ намоиши гӯсфанди зоти ҳисориро ташкил карданд ва меҳмонону сокинони шаҳр аз он дидан намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нотиқон зикр намуданд, ки Фестивал-намоиши “Гӯсфанди зоти ҳисорӣ” дар сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва дар мулки зархезу дорои таърихи беш аз 3000-сола Ҳисори Шодмон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Мақсад аз баргузории Фестивал-намоиш рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Таъкид гардид, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин зот дар ҷаҳон мебошад ва барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ба ақидаи олимон гӯсфандони зоти ҳисорӣ, таърихи пайдоиши қадима дошта, ҳанӯз дар асрҳои 5-6 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудааст ва аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошанд.
Дар натиҷаи ба пояи илмӣ гузошта шудани корҳои селексионӣ дар мамлакат дастовардҳо дар соҳа дучанд шуда, саҳми олимону селексионерони тоҷик низ дар такмили ин зот калон аст ва имрӯз маъруфият пайдо кардани типҳои фархориву шаҳринавӣ, зоти гусфанди маҳинпашми дарвозӣ ва дигар зотҳои гусфанди серравғану серпашм натиҷаи заҳмати сермаҳсули онҳо далели гуфтаҳои болоанд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 3 млн. сар ва дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 144 ҳазор сар зоти гусфанди ҳисорӣ парвариш карда мешавад. Дар солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия ва Беларус интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо ба таври густурда парвариш меёбанд.
Сипас, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи консертии омоданамудаи хешро ба муносибати Фестивал пешкаши меҳмонон намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ озмуни гӯсфанди гаронвазн баргузор гардид ва калонтарин зоти гӯсфанди ҳисорӣ 192 кило аз хоҷагии “Сим-Сим”-и ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ ва соҳиби “Шоҳҷоиза” гардид.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ фурӯши гӯсфандони чемпион бо усули музояда роҳандозӣ гардида, гӯсфандони хушзоти ҳисорӣ бо нархҳои то 35-40 ҳазор сомонӣ харидор пайдо карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол-ғолибони Фестивал-намоиш “Сипоснома”-ю маблағҳои пулии таъсиснамудаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи эҳтиром, инчунин “Сипоснома”-ҳои Вазорати кишоварзӣ ба меҳмонон намояндагони чорводорон аз Федератсияи Россия, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон тақдим гардид.