Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИД АЗ ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ РОҲ ДАР ДЕҲОТ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, дар деҳаи Чаманзор бо ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳи деҳа шинос гардид.
Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид шуда, дар масофаи беш аз 4 километр мумфарш карда мешавад.
Носирзода Ҷаббор аснои шиносоӣ бо корҳои мумфаршкунӣ бо фаъолони деҳа суҳбат карда, барои ташаббуси ватандӯстона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд ва иқдоми пирони корро барои наврасону ҷавонон ибратомӯз маънидод намуд.
Ҳамчунин, ба иттилои аъзои зергурӯҳи корӣ дар деҳоти Мирзо Ризо, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои МИҲД-и шаҳр Саидмуъмин Назарзода шаби гузашта сокинони деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо низ дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлол ба бетонпӯш намудани наздик ба 1,5 км роҳи байнидеҳавӣ иқдом намуданд.