Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: 250 НАФАР ИХТИЁРӢ ҲОЗИР ШУДАНД

1 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маросими гусели наваскароне, ки аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватан ҳозир шуда буданд, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарони даъватшавандаҳо пуршукӯҳ баргузор гардид.
Қабл аз оғози чорабинӣ, шумори зиёди ҷавонони ихтиёрӣ ва донишҷӯёни литсею коллеҷҳо,хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳрдар кӯчаҳои Файзулло Абдуллоев ва Тоҷиддин Муҳиддинови маркази шаҳр роҳпаймоӣ карда, садоқат ва омодагии хешро барои хизмат ба Ватан-Модар ба намоиш гузоштанд.
Дар чорабинии тантанавӣ, баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр ва садо додани Суруди миллӣ Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки чорабинии мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори дахлдори раиси шаҳри Ҳисор бо иштироки 250 нафар ихтиёриён, ки сафашон дар ин сол бештар гардидааст, баргузор мегардад.
Раиси шаҳр аз таърихи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мушкилтарин даврон ва муҳлати кӯтоҳтарин созмон дода шуда, тӯли солҳо аз имтиҳону озмоишҳои басо сангину вазнин гузашта, обутоб ёфтааст ва имрӯз собитқадамона дар таъмини амнияту оромии кишварамон саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки суботу амнияти кишвар, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва банангу номус эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар як ҷавонмард, ки марзу бум, хоку оби кишвар, инчунин, волидайну наздиконаш барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор мебошад.
Дар идомаи суханронӣ роҳбари шаҳр ба даъватшавандагон роҳи сафед орзу карда, изҳори итминон намуд, ки наваскарон бо хизмати арзандаю намунавӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар обрӯю эътибори падару модар, устодон ва маҳали худро пос медоранд ва шаъну шарафи шаҳри Ҳисорро байни ҳамхизматон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ боло хоҳанд бардошт.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба 210 нафар ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнат, падари даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Ҳисор, сарбоз аз қисми низомии “0124”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба минбар баромада, зимни суханронӣ зикр намуданд, ки ҷавонони Ҳисори Шодмон дар қатори дигар ҳамдиёрони хеш ба Ватан содиқона химат карда, марзу буми онро бо ҳушёрӣ, далерию мардонагӣ ҳифз хоҳанд намуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро иборат аз шеъру тарона дар васфи Ватан ва зебогиҳои диёр пешниҳоди ҳозирин намуда, дар ҳавои суруду мусиқӣ ҷавонони даъватшаванда, волидайн ва дӯстону наздиконашон рақсу дилхушӣ намуданд.