Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр!
Солҳои охир таваҷҷӯҳи сокинону соҳибкорони шаҳри Ҳисор ба мактабу маориф бештар гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди синфхонаю биноҳои иловагии мактаб камар бастанд.
3 октябри соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ба деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ташриф оварда, бо иштироки пиру барнои деҳа ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилотӣ ибтидо гузоштанд.
Тибқи лоиҳа иншоот дар ду ошёна бино ёфта, аз 9 синфхона ва 3 ҳуҷраҳои фаннӣ иборат мебошад ва барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба роҳбари шаҳр иттило доданд, ки дар оянда сохтмони толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ дар назди муассиса дар назар дошта шудааст.
Носирзода Ҷаббор ба ташаббускорони иқдом, сокинону соҳибкорони деҳаи Наврӯз изҳори сипос кард ва бо дуои пирони деҳа дар рехтани бетон ба таҳкурсии иншоот ҳиссагузорӣ намуд. Ҳамзамон, афзуд, ки сокинони деҳоти Алмосӣ дар мактабсозӣ пешсафанд ва моҳе қабл дар оғози сохтмони чунин як мактаб бо тарҳи зебо дар деҳаи Тӯтака, ки аз ҷониби нафақахӯр Асадулло Файзуллоев бунёд меёбад, ширкат намуд ва бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки эстафетаи мактабсозӣ дар шаҳр вусъат меёбад ва шоистаи таҳсин мебошад.