Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР АЁДАТ ВА СУҲБАТИ МОДАРОНИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ

3 октябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор собиқадорони соҳаи маориф Кенҷамоҳ Нуралиева ва Шамъигул Ҳусейнова, дар Ҷамоати шаҳраки Шарора Гулсара Нуъмонова ва дар деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Зулфия Қурбоноваро аёдат намуд.
Роҳбари шаҳр собиқадорони соҳаи маорифро ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ, инчунин Рӯзи куҳансолон, ки 1 октябр таҷлил гардид табрику таҳният гуфта, саҳми онҳоро дар тарбияи насли наврас дар масири ватандӯстиву хештаншиносӣ ва роҳнамоии ҷомеа ба амалҳои хайр ва корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр арзишманд баҳогузорӣ намуд.
Собиқадорон, аснои суҳбат бо самимият аз ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, инчунин, барои таваҷҷӯҳи пайвастаи шаҳрдорӣ нисбат ба собиқадорон изҳори сипос намуданд.