Нимаи дуюми рӯзи 5 октябр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино дар шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бинои хобгоҳи нави духтаронаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино дар як ошёна бо 6 ҳуҷраи хоб аз ҷониби соҳибкорони хайрхоҳи маҳалӣ бунёд ёфта, барои таъмини 72 нафар духтарон бо ҷойи хоб пешбинӣ шудааст. Нуқтаҳои хизматрасонии санитариву гигиенӣ дар дохили бино ҷойгир буда, барои истифодаи кӯдакони имконияташон маҳдуд роҳату қулай мебошад.
Ба муносибати ифтитоҳи бино дар саҳни муассиса кӯдакон чорабинии фарҳангӣ доир намуда, ба ташабускорони иқдом чун рамзи сипосу эҳтиром шеъру тарона армуғон намуданд.
Носирзода Ҷаббор устодону шогирдони муассисаро бо Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ муборакбод гуфта, дар рӯзи мавлуди Пешвои миллат бинои хобгоҳро туҳфа ба хонандагони муассиса унвон намуд.