Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

5 октябр дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли илму адаб, устодону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Носирзода Ҷаббор иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинони шаҳрро ба муносибати “Рӯзи забони давлатӣ” табрику таҳният гуфта, аз таърихи бисёрасраи забони тоҷикӣ, чун забони расмии давлатӣ ва муоширати байни қавмҳои гуногун ёдовар шуд ва забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ маънидод намуд.
Зимни суханронӣ Раиси шаҳр нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду таҳкими забони адабии тоҷик ва қабули қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ бо шарофати хизматҳои бузургу беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик сар карда аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров асилу ноб, ғаниву рангин, ва бо таркиби зебову дилчасп то ба мо омада расидааст.
Зикр гардид, ки забон асоси пойдории давлату миллат маҳсуб меёбад ва миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забони ширину шево шоирона иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Бинобар ин, эҳтиром гузоштан ба ин арзиши миллиро қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии ҳар соҳибзабон унвон карда, дӯст ва гиромӣ доштани онро баробари модари худ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, риояи қоидаю меъёрҳо ва имлои забони давлатиро дар ҳуҷҷатнигорию коргузорӣ, насби шиору овезаҳо махсус таъкид карда, ба омӯзгорон, падару модарон ба шогирдону фарзандон омӯзонидани забони давлатӣ ва дар ҳамин замина забонҳои хориҷиро тақозои замон унвон намуд.
Барномаи рангину дилнишини фарҳангии устодони санъат, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати идона эҳдо намуд.