22 октябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодии собиқ роҳбар ва ташкилкунандагони ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддин чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки устоди ҳунар Шамсиддин Муҳиддин ҳамчун санъаткори асил, аз зумраи номварони фарҳангу санъати диёр маҳсуб ёфта дар мақомсароӣ шуҳрати беандоза дорад.
Ӯ дар пайравӣ ба устодону ҳампешаҳояш Ҳусайн Насриддин, Музаффар Муҳиддин, Муҳаммадсаиди Аҳмад, Тоҷиддин Муҳиддин, Комилҷони Ғанӣ, Сайфиддин Акрамзода, Искандар Боев ва даҳои дигар дар рушди санъати миллӣ саҳми шоиста дошта, имрӯз шогирдони зиёдаш низ дар ҷодаи мақомсароӣ маълуму машҳури диёр гардидаанд.
Хунёгари маъруф барои хизматҳои арзишманд дар рушди санъати мусиқии миллӣ ва бахшида ба 55-солагии фаъолияти эҷодӣ бо “Сипоснома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва “Ифтихорнома”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонида шуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳаводорони санъати овозхонии Шамсиддин Муҳиддин адиб Ворис Калонов, журналисти шинохта Суҳроби Зиё, коргардони кино Баҳроми Сайфиддин ва дигар ихлосмандони ҳофиз суханронӣ карда, санъати мақомхонии Шамсиддин Муҳиддин ва хизматҳои ӯро дар таърихи фарҳанги миллат мондагор арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ Шамсиддин Муҳиддин ва шогирдонаш аз репертуари бою рангини худ порчаҳо сароида, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.