18 октябри соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ ва таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, дар маҷлис ҳисоботи муовини раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода оид ба ҷамъбасти нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли 2024 шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр 3 млрд. 375,6 млн. сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 110 фоиз баробар гардидааст.
Дар 9 моҳи соли 2024 суръати рушди ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 312 млн. 100 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 105,7 фоиз, кишоварзӣ 104,7 фоиз, гардиши савдои чакана 107,9 фоиз, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 102,0 фоиз, ҳаҷми сармоягузорӣ ва сохтмон 148,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ба ҳолати 30-уми сентябри соли 2024 ба буҷет 230 млн. 956 ҳазору 801 сомонӣ ворид шудааст, ки 102,3 фоизи умумии нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 5 млн. 203 ҳазору 559,9 сомонӣ зиёд мебошад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои солҳои 2021-2026 дар маҷмуъ 64,9 фоиз таъмин гардида, ҷамъи маблағи азхудкардашуда дар давоми солҳои 2021 – 2023 ва 9 моҳи соли 2024-ум 1 млрд. 278 млн. 859 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Бахҳшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 1675 банд, ба ҳолати 1 октябри соли равон 819 адад иҷро гардидааст, ки 48,9 фоизи умумии нақшаро ташкил медиҳад. Маблағи дар ин самт азхудкардашуда 232 млн. 469,8 ҳазор сомонӣ буда, дар ин раванд 359 ҷои кории нав фароҳам омадааст.
Пас аз шунидани ҳисобот ва саволу ҷавоб бо маърӯзачӣ, муовини якум, муовинони соҳавии раиси шаҳр ва дигар шахсони дахлдор ба муовини Сарвазири мамлакат ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, оид ба фаъолият, дастоварду камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр гузориш доданд.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ суханронӣ карда, бо ёдоварӣ аз мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, таҳдиди хатарҳои нооромиҳо дар баъзе кишварҳои олам ва таъсири он ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо изҳори назар кард.
Иброз гардид, ки натиҷаҳо назаррас бошанд ҳам, дар баробари муваффақиятҳо, самти иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳр аз камбудиву норасоиҳо орӣ нест ва вобаста ба камбудиҳое, ки ироа гардид тавсияву пешниҳодҳои мушаххас баён дошт.
Муовини Сарвазир дар амал татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳоро дар самти саноат, сохтмон, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аввалиндараҷа маънидод карда, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳифзи амнияту оромӣ аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд.
Дар идомаи суханронӣ даъват ба амал овард ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагӣ ва ободониро вусъат бахшем ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гирем.
Дар фарҷоми маҷлис иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, бо дарназардошти фикру андешаҳои муовини Сарвазир ва баромадкунандагону музокирачиён ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр муовини якум, муовинон, кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони идораву ташкилотҳои марбутаро вазифагузорӣ намуд.



