Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН БО ИШТИРОКИ ВАКИЛИ ПАРЛУМОН

26 октябри соли равон рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо ҳузури вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода сурат гирифт.
Ба роҳбари шаҳр 13 нафар шаҳрвандон-сокинони шаҳр оид ба баҳсҳои оилавӣ, баҳси замин, мусоидат барои таъмир ва дастрасӣ ба манзили зист, бунёди чойхона барои мӯйсафедон дар маркази шаҳр, кӯмакҳои иҷтимоӣ ва дигар мушкилоти рӯзгор муроҷиат карданд.
Носирзода Ҷаббор дар баробари ҷавобҳои қаноатбахш ба муроҷиаткунандагон, ҳамчунин, ҳайатҳои кориро аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр ва шахсони масъул барои ҳалли мушкилоти мавриди назари шаҳрвандон ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сафарбар намуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷараёни рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр изҳори қаноатмандӣ карда, инчунин ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъкид намуд, ки аксари муроҷиати шаҳрвандон марбут ба фаъолияти кормандони дастгоҳи ҷамоатҳо буда, масъулонро зарур аст дар маҳал байни мардум корро ҷоннок ва бо истифода аз имкониятҳое, ки доранд ба мушкилоти шаҳрвандон расидагӣ намоянд.
Носирзода Ҷаббор аз иштирок дар соати қабул ва таваҷҷӯҳи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ба мушкилоти интихобкунандагон дар ҳавзае, ки ӯ вакил интихоб шудааст, изҳори сипос намуд.