Нимаи дуюми рӯзи 25 октябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар роҳи кӯчаи ба номи Ӯроқ Аловиддинови маҳаллаи 8-ум ва барқароркунии садамаҳо дар хатҳои обу канализатсия аз мавзеи мазкур боздид карда, барои саривақт ба анҷом расонидани корҳои ба нақша гирифташуда кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои нақлиёти автомобилӣ дар шаҳри Ҳисор, ободонӣ ва кабудизоркунии назди МИҲД-и шаҳр, обёрӣ ва беҳдошти замин, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон»-и шаҳр, Минтақаи истеҳсолӣ, техникии обтақсимкунӣ ва канализатсия дар шаҳри Ҳисорро ба таври таъҷилӣ сафарбар намуд.