Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ИФТИТОҲИ СЕ МАКТАБИ НАВ БО 1100 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ДЕҲОТИ ШАҲРИ ҲИСОР

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми ҳафтаи равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Нимаи дуюми рӯзи 5 ноябри соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмуродзода Сурайё ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан дар деҳаи Тӯтака ва Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва деҳаи Тиргарони Ҷамоати деҳоти Дурбат се бинои мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби нав дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Тӯтака бо маблағгузории сокини саховатпешаи деҳа Асадулло Файзуллозода дар замини шахсаш дар ду ошёна бо 420 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд ёфта, бо шумораи 143 рақамгузорӣ шудааст.
Бинои мактаби деҳаи Зиракиро аҳолӣ бо дастгирии соҳибкорони диёр дар ду ошёна бунёд намудаанд.
Дар деҳаи Тиргарони деҳоти Дурбат сокинони деҳ бо усули ҳашар бинои мактабро иборат аз 8 синфхона сохта, ба фарзандон туҳфа намуданд. Дар умум сокинону соҳибкорони шаҳр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон се мактабро бо 1100 ҷойи нишаст ба устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилотӣ туҳфа намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар дастрасӣ ба масолеҳи сохтмон, мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти хониш Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мусоидат намуданд.
Дар назар аст, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ду муассисае, ки айни ҳол ба истифода дода шудааст аз ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва як муассиса аз умумии асосӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ табдили ном хоҳанд намуд.
Ҳангоми ифтитоҳи муассисаҳо шодию хурсандии пиру барнои деҳаҳои мазкурро интиҳо набуд, чунки то имрӯз фарзандони онҳо барои таҳсил ба мактабҳои ҳамсоядеҳа мерафтанд, ки масофаашон 4-5 километрро ташкил медод.
-Дурии роҳ ва шарити роҳҳои пурхатари деҳот дар мавсими боришоти барфу борон имкон намедод, ки фарзандон саривақт ба мактаб раванд ва донишҳои заруриро азхуд намоянд. Акнун, ки таҳсил дар зинаи сеюм ҳатмӣ шудааст бунёди чунин мактабҳо дар деҳоти дурдаст имкон медиҳад, ки хонандагон то хатми синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта шаванд,- бо хушҳолӣ иброз медоранд сокинони деҳаҳои болозикр.
Роҳбари шаҳр Носирзода Ҷаббор аснои ифтитоҳи биноҳои нав ба сокинону соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, итминон намуд бо муттаҳидӣ ва дастгирии ҳамдигар диёрамонро ободу зебо мегардонем ва бо ҳамин васила ояндаи фарзандонро дурахшон менамоем.