8 ноябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ карда, ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисорро ба иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки сокинони Ҳисори Шодмон хизматҳои кормандони мақомоти корҳои дохилро ки, дар солҳои бисёр душвору ҳассоси барои миллати тоҷик душвору фоҷеабор, якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми арзишманди таърихӣ гузоштаанд, фаромӯш намекунанд.
Ҳамзамон, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири қурбониёнро аз шумори кормандони мақомоти милитсия дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ва пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва қабл аз он ёдоварӣ карда, бо ифтихор афзуданд, ки ба ҳомиёни тартибот муқаддастарин вазифа – ҳифзи шаъну шарафи давлату миллат бовар карда шудааст ва мардум дар симои онҳо ҳомию пуштибони худро мебинанд. Кормандони милитсия ҳастанд, ки пайваста дар самти назорати тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун шарафмандона истодагарӣ менамоянд ва барои ояндаи дурахшони кишвар, таъмини сулҳу субот, амнияти сокинони мамлакат хастанопазирона талош меварзанд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳамкориҳо бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор қанотманд буда, саҳми шуъбаро дар бурдани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирӣ намудан аз ҷинояткорӣ, қонуншиканиҳо ва дигар амалҳои ба давлату миллат хатарнок арзишманд арзёбӣ мекунад ва сипосгузор аст.
Изҳор гардид, ки ҳамкориҳо бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор таҳким ёфта, оянда низ дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият, пойдории сулҳу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмин намудани волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, корҳои ободониву созандагӣ, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр густаришу тавсеа пайдо кардааст, бо садоқату матонат, бошарафона ва масъулияти дучанд якҷо қадам хоҳанд зад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор афсарону кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор бо медалу, ифтихорнома ва сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом ҳунармандони Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинови шуъбаи фарҳанг барномаи консертиро иборат аз дастагули шеъру таронаҳои ватандӯстона тақдими иштирокчиёни чорабинӣ намуданд