Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15 ноябри соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Ҳисор Ҷамолиддин Мансуров, Ато Ҳамдам, Абдуманнон Абдуразоқов, Абдуваҳоб Мирзоев, Шариф Яъқубов ва собиқадорон, фаъолон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Носирзода Ҷаббор ва Абдуманнон Абдуразоқов суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуданд, ки Нақши мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, низоми давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, инчунин, амалӣ гардидани ормонҳои миллии чандинҳазорсолаи халқи тоҷик беназир буда, татбиқ гардидани сиёсати оқилона ва дастуру роҳнамоии бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат боиси пешравию шукуфоии кишвар гардидааст ва садоқат, муттаҳидӣ ва меҳру муҳаббати шоёни мардумро ба бор овардааст.
Заҳмату талошҳои Президенти кишварро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба назар гирифта, бобати арҷгузорӣ ба меҳнату садоқати ин шахсияти нотакрори таърихӣ соли 2016 унвони олии Пешвои миллатро лоиқ донистанд ва аз тарафи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таъйин карда шуда, ҳар сол он дар саросари кишвар бо шукӯҳу ихлосмандии хоса истиқбол мегардад.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар баробари беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон, ба ҳалли мушкилоти мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд, ки боис ба баланд гардидани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шудааст ва иштироки мустақими Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои сиёсию экологии ҷаҳон, мубориза бар зидди хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизму терроризм, масъалаҳои мушкилоти дастрасӣ ба об, ҳифзи табиату наботот дар сайёра хеле назаррас мебошад.
Нотиқон, дар ин рӯзи барои миллати тоҷик фархунда ва хотирмону таърихӣ ба Пешвои муаззами миллат саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ гардидани иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат барору комёбӣ орзу намуда, сокинони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфтанд ва дар фазои кишвари азизамон суботу ваҳдати ҷовидонро таманно намуданд.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, ба як қатор фаъолон ва варзишгарони муваффақи шаҳр “Сипоснома”-ҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тақдим карда шуд.
Ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷииддин Муҳиддинови шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.