Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДЕҲАИ ДУРДАСТИ САНГЧАШМА ШОДОБ ГАРДИД

25 ноябри соли равон дар маркази деҳаи Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Алмосӣ маросими ба истифодадиҳии хати оби нӯшокӣ баргузор гардид.
Хати оби нушокии мазкур дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани таъминоти об, беҳдошт ва тарғиби гигиенӣ дар Тоҷикистон” бо ташаббуси Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Ҷопон кашида шуда, сокинони Сангчашмаро, ки солҳо инҷониб дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд, бо оби тозаи чашма таъмин намуданд.
Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ карда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба cафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Ҳилоли Аҳмари ин кишвари дӯст, ки аз шарикони боэътимоди кишвари мо буда, дар доираи ҳамкориҳо даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузургро бо маблағи миллионҳо сомонӣ амалӣ намудаанд, изҳори сипос намуд.
Меҳмонон низ суханронӣ карда, аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон дар риштаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ёдовар шуданд ва ба сокинони деҳаи Сангчашма, ки дар татбиқи лоиҳа фаъолона иштирок карда, ҳамчунин барои аз дуртар кашидани хати об саҳми арзишманди хешро қисман дар харидорӣ намудан ва хобонидани лӯлаҳои об гузоштанд, минатдорӣ баён доштанд.
Сокинони деҳа ба хотири эҳтироми меҳмонони ҷопонӣ суфра оростанд ва меҳмонон аз нону намак ва меваҳои лазизу хӯрокҳои миллии онҳо ком ширин карда, аз истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии мардуми Сангчашма изҳори хушнудӣ намуданд.
Мардуми кишвари тулуи офтоб – Ҷопон, ки бар асари таркиши яроқи ҳастаӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон, аз таъсири радиатсия то ҳанӯз ранҷ мебаранд бисёр ғамхору меҳрубон буда, кӯмак намудан ба маъюбону нафарони имконияташон маҳдудро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор додаанд ва ҳамасола дар ин самт ба маъюбони сайёра кӯмакҳои зиёди хайриявӣ мерасонанд. Дар деҳаи Сангчашма низ ба ҳавлии ҷавоне, ки маъюбии модарзодӣ дошт хати оби нӯшокӣ гузаронида, дастҷамъона рафта аз рӯзгораш хабар гирифтанд.