23ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона доир гардид. Кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бо шиору овезаҳо ороиш ёфта, намои идона ба бар карда буд.
Пас аз роҳпаймоии пуршукӯҳи идонаи сокинони шаҳр дар толори Кохи фарҳанг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро муборакбод гуфт.
Зикр намуд, ки парчамдории халқи тоҷик таърихи қадима дошта, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии халқи тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи ифодагари давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба ояндаи нек шинохта шуда, дар зери ливои худ миллати тоҷикро муттаҳид кардааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзест, ки миллати тоҷик ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар саросари олам муаррифӣ менамояд ва ин рамзи озодию соҳибистиқлолии миллати тоҷик дар боми созмони бонуфузтарини олам – Созмони Милали Муттаҳид парфишон буда, аз узвияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ин созмони байналмилалӣ дарак медиҳад.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, марказҳои фарҳангӣ-фароғатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин, ҳаваскорон аз муассисаҳои таҳсилотӣ бо оҳангу таронаҳои таранумгари васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, ваҳдату дӯстӣ ва зебогиҳои диёр, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.