Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф, ки ҳайати кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Ҳисор роҳбарӣ мекунад, машварат доир гардид.
Дар машварат муовинони раиси шаҳр, масъулону кормандони Раёсати кишоварзии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони хоҷагиҳои ҷамоативу деҳқонӣ ҳузур доштанд.
Тавре зикр гардид кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне амнияти озуқавории мамлакат ба рушди устувори он вобаста мебошад.
Бинобар, бо мақсади вусъати корҳои кишоварзӣ – шудгор ва кишти тирамоҳӣ, ҷамъоварии зироатҳо, бахусус, пахта, ки ашёи хоми стратегӣ маҳсуб меёбад, бо супориши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ҳайати намояндагӣ бо роҳбарии Акрамзода Юсуф ба шаҳри Ҳисор сафарбар шудаанд.
Акрамзода Юсуф ба рафти ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр таваҷҷӯҳ зоҳир карда, вобаста ба рафти ҷамъоварии пахта раисони ҷамоатро пурсиш намуд. Аз суръати чиниши пахта дар хоҷагиҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулон дастур дод дар ҳамкорӣ бо кормандони муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ, идораву ташкилот, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр ва дигар аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҳашарҳои дастҷамъона ташкил карда, бо мешнати зарбдор то анҷоми моҳи ноябр пахтаи дар саҳро шукуфтаро, ки бо заҳмати зиёди деҳқонон парвариш ёфта, хушбахтона дар саҳро хеле бисёр аст, беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Пас аз машварат Акрамзода Юсуф ва Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои деҳоти Ҳисор ва Сомон ташриф оварда, бо ҳолати воқеии пахтазор дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоатҳои мазкур – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Абдурауф Юсуфов”, “50-солагии Октябр” ва “Баракати Ватан” шинос шуданд.
Носирзода Ҷаббор роҳбари ҳайати намояндагии Вазорати кишоварзӣ Акрамзода Юсуфро дар деҳоти Ҳисор бо корхонаи навтаъсиси қабул ва коркарди пахтаи “Органик Котон”, дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо ҷараёни корҳои сохтмон дар 2 гектар гармхонаи замонавӣ, дар ҶСК “Агротехсервис” бо ду техникаи пуриқтидор, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади корҳои ободонӣ дар шаҳр харидорӣ кардааст ва рафти корҳои сохтмони Амфитеатр дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳрки Ҳисор шинос намуд.