Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод. Аснои боздид аз ҳуҷраҳои бино, зеристгоҳи барқӣ, таваққуфгоҳи мошинҳо ва ҷойи бозии кӯдакон ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба соҳибкор Умедҷон Аловиддинов барои обод намудани боз як гӯшаи шаҳр ва таъмини сокинон бо манзили истиқоматӣ изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин, дар баробари баргузор гардидани чорабиниҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ дар ҷамоатҳо, бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин 3 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №142-и шаҳраки Шарора ва бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод маркази савдо дар Ҷамоати деҳоти Навобод мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ифтитоҳи иншоот ва корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашн дар дигар ҷамоатҳо идома дорад.