Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАСТГИРИИ ЗИЁИЁН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ ШАҲР АЗ ПАХТАКОРОН

Дар доираи эълон гардидани “Даҳ рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор”, ки намояндаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” Акрамзода Юсуф дар мулоқот бо фаъолон ва кишоварзони шаҳр пешниҳод намуд, аз ҷониби зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр дастгирии самимӣ пайдо кард.
Дар рӯзи аввали ҳашарҳои дастҷамъона, ки якшанбеи имрӯз дар саҳрои ҷамоатҳои пахтакор доир гардид, шумораи зиёди сокинони шаҳр, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, омӯзгорону табибон, бонувону ҷавонон, донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ва ходимони дин фаъолона иштирок карда, ба хирмани тиллои сафеди деҳқонон баракат эҳдо намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор аз пахтазори ҷамоатҳо қитъа ба қитъа дидан карда, ба ҳашарчиёне, ки бо амри дилу виҷдон ба саҳро баромада, эҳтирому муҳаббати хешро ба заҳмати марди деҳқон дар амал нишон доданд, сипосгузорӣ намуд.