Сокинони деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навобод бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат бахшида, тасмим гирифтанд роҳи ҳудуди деҳаро дар масофаи як километр бетонпӯш намоянд.
Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор дар ҳашарҳои дастҷамъонаи пахтачинии сокинони шаҳр иштирок карда, дар бозгашт ба деҳаи Ҳуҷум ташриф овард ва бо пиру барнои деҳа, ки саргарми кор буданд самимӣ сӯҳбат орост ва барои иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр изҳори сипос намуд.