Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА БАРТАРАФКУНИИ ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ДАР ТАҚСИМОТИ ЗАМИН

25 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсат, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин масъулони кумитаи идораи замин, бахши меъморию шаҳрсозӣ, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва роҳбарони дигар воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Нахуст, дар ҷаласа пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани камбудиву қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда дар қироати муовини якуми раиси шаҳр Сироҷиддин Каримзода шунида шуд.
Дар пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи риояи қатъии талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар тақсимоти шафофу одилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд таъкид шуда, натиҷаҳои санҷиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор вобаста ба ошкор шудани қонуншиканиҳо дар фаъолияти Комиссияи ҷамъиятии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар тақсимоти замин, ки соли 2023 дар ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Деҳқонобод ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор роҳ дода шудааст, баён гардид.
Ҳамчунин, дар пешниҳод аз роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Ҳисор талаб карда шудааст, ки қарори заминҳое, ки дар се ҷамоати деҳоти болозикр соли 2023 бароварда шудааст, бекор карда шуда, ҳамзамон, масъалаи тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба нафарони эҳтиёҷманд дар ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ, Деҳқонобод, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва Мирзо Ризо бо ташкили ҳайати нави комиссияи ҷамъиятӣ аз ҳисоби шахсони поквиҷдону таҷрибадор тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2010 бо риояи муқаррароти санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ роҳандозӣ карда шавад.
Носирзода Ҷаббор масъулин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳайати нави Комиссияи ҷамъиятиро, дар минбаъда ба тақсимоти шафофу одилонаи замин, бо риояи муқаррароту талаботҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳидоят намуд.
Дар идомаи машварат муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолият дар ҳафтаи сипаришуда гузориш дода, аз ҷониби раиси шаҳр вобаста ба иҷрои супоришҳои протоколӣ дар машваратҳои қаблӣ пурсиш ва вазифагузорӣ карда шуданд.