Дар шаҳри Ҳисор аз 9949 гектар заминҳои киштшаванда то ба имрӯз беш аз 7500 гектар шудгор шуда, тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳр дар майдони 3638 гектар кишти тирамоҳии зироатҳо, аз ҷумла 3073 гектар гандум, 163 гектар ҷав, 127 гектар беда ва ғайраҳо гузаронида шудааст.
Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 627 техника 515 адад дар ҳолати корӣ буда, барои шудгор ва кишт 200 адад, аз ҷумла 40 трактори тасмачарх сафарбар карда шудааст.
Аз ҳисоби кормандони Раёсати кишоварзии шаҳр дар хоҷагиҳо намояндаҳо назорат мебаранд ва барои босифат ва саривақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти тирамоҳӣ, бо истифода аз обу ҳавои мусоиддар саҳро шабонарӯзӣ фаъолият доранд.