Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БАРРАСИИ ПЕШНИҲОДИ ПРОКУРАТУРА ВОБАСТА БА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

2 декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи шаҳри Ҳисор таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилотии шаҳр ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.
Нахуст, Носирзода Ҷаббор иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ки шуруъ аз соли 2023 ҳамасола, санаи 1 декабр таҷлил мегардад, муборакбод гуфт.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа, пешниҳоди прокуратураи шаҳри Ҳисор оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар фароҳам овардани шароити мусоид барои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар қироати муовини раиси шаҳр, ҳамзамон раиси Ситоди зимистонгузаронӣ дар шаҳр- Гулзода Сангалӣ шунида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари шаҳр ҳайати Ситод ва масъулонро вобаста ба камбудиҳое, ки дар пешниҳоди прокуратура дар самти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хӯроки умумӣ ва соҳаи кишоварзӣ дар масъалаҳои захираи маводи хӯрока, ангишту ҳезум, шишабандии муассисаҳо, захираи хӯроки чорво ва ғайраҳо дарҷ гардидааст пурсиш карда, ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ошкоргардида вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар идомаи ҷаласа муовинони раиси шаҳр, ки дар як вақт роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маҳсуб меёбанд, оид ба фаъолияти зерсохторҳо ва рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр, гузориш доданд.