4 декабр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав, нимаи дуюми рӯз ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва дигар масъулони соҳа аз якчанд хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуданд.
Муовини Сарвазир нахуст, дар Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии ҶДММ “Шумон”, ки кормандони он ба шинонидани тухми меваҳои донакдор машғул буданд шинос шуда, дар деҳаи Ҳуҷуми Ҷамоати деҳоти Навобод аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Суруш”, ки дар он қулфинай бо усули қатрагӣ парвариш карда мешавад, дидан намуданд.
Зиёзода Сулаймон ва Носирзода Ҷаббор дар оғози ҳашари ниҳолшинонии сокинони деҳоти Навобод дар шафати шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода иштирок карда, бо ҳамдастӣ ниҳол шинониданд ва ба идомаи маракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳр, ки дар доираи татбиқи Барномаи сабзу хуррамгардонии Ҳукумати мамлакат доир мегардад, барор таманно намуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайат бо фаъолияти Фермаи чорводорӣ ва майдони кишти зироат дар хоҷагии ёрирасони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди деҳоти Мирзо Ризо шинос шуда, барои рафъи камбудиҳое, ки ба назар расид ва оид ба беҳтар намудани шароити нигоҳдории чорво ва парвариши зироатҳо ба мутахассисони корхона супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар Ҷамоати деҳоти Сомон муовини Сарвазир ва раиси шаҳр аз ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии “Асадулло” ва майдони кишти барвақтии пиёз дар кооперативи тиҷоратии “Баракати Ватан” дидан намуда, ҳамчунин, дар деҳаи Мортеппаи ҷамоати мазкур бо ҷараёни чиниши пахта дар саҳрои хоҷагӣ шинос шуданд.