5 декабри соли 2024 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, дар толори Кохи фарҳанги шаҳр ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ таҳти унвони “Тоҷикистон, Президент, Ҳизб” ҳамоиши сиёсӣ ва чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардида, ҳамзамон, ғолибони Фестивалу озмунҳои “Ташкилоти беҳтарини ҳизбии сол”, “30 қадами созанда дар амри Ватансозӣ” ва “Чеҳраҳои муввафақи сол”-ро, ки зери шиори “Якдил бишавему мулк обод кунем”, – баргузор шудааст, қадршиносӣ шуданд.
Дар ҳамоиш раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Нотиқон, аз таърихи таъсисёбии ҳизб ёдовар шуда, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд гардидани обрӯву нуфузи ҳизб арзишманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардид, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт ва ба ояндаи дурахшони Ватан умед ё боварӣ намонда буд. Дар ин марҳила Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарию роҳнамоии сарвари оқилу хирадмандаш бо пуштибонӣ аз суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзу гиромидошти анъанаҳои неки гузаштагонамон ҷиҳати бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл намудани муноқишаву нофаҳмиҳо тавонист, ки ба кишвар сулҳу субот ва ваҳдат орад.
Таъкид гардид, ки дар замони муосир вазъи ноустувор ва пурпечутоби сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, бархӯрди абарқудратҳо ва аз ҷониби дигар торафт доман паҳн кардани терроризму экстремизм ва ифротгароиву бегонапарастӣ моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ба моҳияти сулҳу субот расем ва баҳри пойдории он дар ҷомеа талош намоем.
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр хеле хуб ба роҳ монда шуда, аъзои фаъоли он таблиғгари асосии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошанд. Давоми 30-соли фаъолият аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту хештаншинос сафи аъзои ҳизб дар шаҳр хеле афзудааст ва оянда низ, ҳизбиён ин рисолатро идома бахшида, насли ҷавон ва наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия менамоянд ва ба эҳтироми муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, корҳои ободониву созандагии диёр ҳидоят менамоянд, – изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод зимни суханронӣ.
Дар фарҷоми ҳамоиши сиёсӣ фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат саҳмгузорӣ намуда истодаанд, ва ғолибони “Чеҳраҳои муввафақи сол” бо Диплом, Сипосномаву ҷоизаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор қадршиносӣ шуданд.
Сипас, чорабинии тантанавию фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардида, ғолибони Фестивалу озмунҳои шаҳрӣ, ки бо иқдоми КИ ҲХДТ бахшида ба 30-солагии ҲХДТ роҳандозӣ шуда буд, бо диплом, сипосномаву ҷоизаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.