Бо назардоши афзоиши аҳолӣ, ки дар шаҳри Ҳисор 2,4 фоизи солонаро ташкил медиҳад, зарурияти бештари бунёди мактабу синфхонаҳои нави иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ пеш омадааст.
Дирӯз, 9 декабр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор бо иштироки муовинони соҳавӣ ва масъулони бахшҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз мавзеҳое, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр сохтмони мактабҳо дар назар дошта шудааст, дидан намуданд.
Дар маҳаллаи Ӯртабузи Ҷамоати шаҳраки Шарора муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №142 фаъолият дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолият дар назди муассиса 3 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда бошад ҳам, муассиса дар минбаъда имконияти фарогирии шумораи бештари хонандагонро надорад.
Афзоиши аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёд шаҳрдориро водор ба он намудааст, ки дар доираи имконот бо ҷалби маблағҳои худӣ ва дастгирии соҳибкорон дар заминҳое, ки барои сохтмони мактаб пешбинӣ шудааст, ба сохтмони мактаби нав иқдом намояд. Носирзода Ҷаббор барои ҳарчи зудтар омода намудани лоиҳа ва оғоз намудани сохтмони мактаб ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.