12 декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳр Каримзода Сироҷиддин бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳокимияти давлатӣ, инчунин, намояндагони зиёиён ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр Иҷлосияи ғайринавбатии бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби котибот, вакилони иҷлосия ба кори худ шуруъ намуда, рӯзномаи иҷлосияро бо назардошти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024, № 882 “Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”, иборат аз се масъала – дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати ҳафтум, ташкили комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати ҳафтум ва муқаррар намудани шумораи ҳавзаҳои интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати ҳафтум тасдиқ ва мавриди баррасӣ қарор доданд.
Каримзода Сироҷиддин дар суханронии муҳаддимавӣ оид ба қоидаҳои баргузории интихобот, ташкили ҳавзаю участкаҳо ва ҳайатҳои кмиссияҳои ҳавзавию участкавӣ мухтасар маълумот дода, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани интихобот аз ҷониби масъулоне, ки ҳайати комиссияҳоро ташкил медиҳанд, изҳори итминон намуд.
Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати ҳафтум дар ҳайати 11 нафар аз ҳисоби намояндагони иттифоқҳои касаба, шуъбаҳои маорифу фарҳанг, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, аҳли ҷамоатчигии шаҳр, зиёиён таъсис ёфта, шумораи ҳавзаҳои интихобот оид ба Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати ҳафтум 40 адад муқаррар карда шуд.
Вакилони иҷлосия вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд ва бо ҳамин кори иҷлосияи ғайринавбатии бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи Ҳисор, даъвати шашум поён ёфт.
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470177249_589429526809904_5627957628205328398_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/469512376_589429593476564_6780494146423435292_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470000747_589429623476561_4153840790016458851_n-300x200.jpg)
![](https://www.hisor.tj/wp-content/uploads/2024/12/470179756_589429610143229_5384393424749384891_n-300x200.jpg)