12 декабри соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар хоҷагии ниҳолпарварии Искич, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор бо ҳолати парвариши ниҳол, аз ҷумла ниҳолҳои нодир аз қабили магнолия, каштан, арчаҳои кедр ва ели кабуд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст, шинос гардиданд.
Вазири кишоварзӣ ба кормандони хоҷагӣ роҳу усулҳои парвариши ниҳолҳои нодирро фаҳмонида, таъкид намуд, ки ин навъи дарахтон дар бозорҳои ҷаҳон нархи гарон доранд ва дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани парвариши он хоҷагӣ метавонад даромади зиёди иқтисодӣ ба даст орад.
Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ айни ҳол дар хоҷагӣ зиёда аз 140 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин, гулу буттаҳои ороишӣ парвариш карда мешаванд. Ниҳолҳои нодире, ки дастрас шудааст дар ниҳолпарваришгоҳҳо шинонида мешаванд ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ парвариш карда, дар минбаъда барои фурӯш ва сабзу хуррамгардонии боғу гулгаштҳои шаҳр истифода карда хоҳанд шуд.