Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

АЁДАТ ВА ТАБРИКОТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА ПИРОНИ РӮЗГОРДИДА

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Ҳисор, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Навобод ва Мирзо Ризо ташриф оварда, дар маҳаллаи Белайдуз собиқадори мақомоти прокуратура Баракатулло Камолов, маҳаллаи Омӯзгор раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳр Инъомҷон Аъзамов, деҳаи Меҳргон собиқ сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ Исматулло Раҳматов, деҳаи Ғӯриёт собиқадори соҳаи тандурустӣ Равшан Юлдошев, деҳаи Тӯда собиқ Вазири кишоварзӣ ва ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, академик Изатулло Сатторӣ ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Назар Мудиновро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, бо рӯзгорашон аз наздик шинос гардид.
Носирзода Ҷаббор аснои дидорбинӣ бо собиқадорону пирони рӯзгордида сӯҳбати самимӣ анҷом дода, саҳми онҳоро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва кишвар, ҳамзамон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва дарёфти роҳи дурусти зиндагӣ арзишманд арзёбӣ намуд.
Пирони кор ва шаҳрдори Ҳисор бо шукргузорӣ, аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат изҳори хушӣ ва қаноатмандӣ карда, аз талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданд. Ташаббусҳои Сарвари давлатро дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти глобалии сайёра – масъалаҳои обу иқлим пурарзиш хонда, дар ҳаққи Пешвои маҳбуби миллат дуоҳои нек карданд.
Носирзода Ҷаббор саҳми собиқадоронро дар пешрафти ҷомеа ситоиш кард ва аёдати пирони корро аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо ва аз ҷониби дигар беҳтарин васила дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва ба меҳнати софдилона талқин намудани онҳо маънидод намуд.
Бо ҳидояти Носирзода Ҷаббор аёдату дидорбинии собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби муовинон, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони муассисаву дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ низ роҳандозӣ гардид.