Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

21 феврали соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори 32-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳр чорабинии пуршукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз гузориши низомии комиссари ҳарбӣ, бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз ниҳодҳои қудратие, ки кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тӯли беш аз сӣ сол аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузашта, ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату миллат табдил ёфтааст.
Дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, бо дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат як артиши дар ибтидо номукаммали бесарвар, бемакону беяроқ, ки дар шароити ниҳоят вазнини сиёсиву иқтисодӣ зери хайма ташкил шудааст, дар кӯтоҳтарин муддат ба дарвозаи оҳанини давлат, сипари боэътимоди он табдил ёфта, давлати тозаистиқлоламонро аз даҳҳо нақшаҳои моҷароҷӯёна ва кӯшишҳои табадулоти давлатии хоинони миллат, ниятҳои ғаразноку нопоки душманони нотавонбин ҳифз намудааст.
Ҳамчунин, афзуд, ки баҳри ҳифзи ватани муқаддас, тӯли таърих ҳазорон – ҳазор ҷони ширини худро қурбон кардаанд. Дар ин масир фарзандони Ҳисори шодмон низ дирӯзу имрӯз аз худ ҷасорату матонат нишон доданд ва дар ҳифзи Ватан, марзу буми он сина сипар намуда, номи худро дар саҳифаҳои таърих, дар қатори қаҳрамонони гузаштаи халқи тоҷик ҷовидон карданд.
Ба номи даҳҳо ҷавонмардони шаҳид маҳаллаву кӯча ва мактабҳои шаҳр номгузорӣ шуда, итминон дорам шуҷоату қаҳрамонии онҳо барои ҳамдиёрону ҳамзамонон, волидайн ва мову шумо мояи ифтихору сарбаландӣ маҳсуб ёфта, боис ба пайравии насли наврас ва ҷавонон ба ин родмардон мегардад. Хотираи неки муборизони роҳи истиқлолу озодиро халқи сипосгузори тоҷик ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳанд кард.
Раиси шаҳр, инчунин аз раванди маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро дар шаҳр пеш аз муҳлат иҷро гардид ва изҳори итминон намуд, ки дар таъмини сафи ихтиёриён ба курсҳои ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои зиёда аз 200 нафар пешбинӣ шудааст, аҳли ҷомеа саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Дар фарҷоми суханронӣ, Носирзода Ҷаббор иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо сокинону меҳмонони шаҳрро ба муносибати ҷашн самимона муборакбод гуфта, дар фазои тантанавӣ ба як қатор афсарону хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки уҳдадориҳои мансабии хешро бо сари баланд ба нафъи давлату миллат содиқона адо мекунанд, инчунин, ба раисони кумитаи маҳалла ва падару модароне, ки дар сафарбарии фарзандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд доранд, сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣи давлатии шаҳрро таҳдим намуд.
Сипас, қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз гардида, ҳунармандони шуъбаи фарҳанг барномаи ҷолиби консертиро, ки тараннумгари истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва васфи зебогиҳои табиати диёр буд, манзур намуданд.