Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПАЁМИ ТАБРИКӢ ВА ТУҲФАИ РАИСИ ШАҲР БА САРҲАДБОНОН

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардида, барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста мешавад.
22 феврали соли равон муовини раиси шаҳр Нурализода Хайриддин ба қисми ҳарбии “0124”-и Қӯшунҳои сарҳадии, КДАМ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба сарҳадбонон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ паёми табрикӣ расонид. Ҳамчунин, барои сарҳадбонон маводи хӯрока дастрас карда, дар ошхонаи қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд ва аз ҷониби санъаткорони шуъбаи фарҳанг, барои болидарӯҳии сарбозон барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.