Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

МАШВАРАТ ДАР ҲОШИЯИ МАКТУБИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ХУДКУШӢ

24 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ҷаласаи машварати назоратии раиси шаҳр баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳр иштирокчиёни ҷаласаро бо Қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин гардидани Аҳтамзода Иброҳим ба вазифаи раиси Кумитаи идораи замини шаҳр шинос намуд.
Тибқи рӯзнома, дар машварат муовинони раиси шаҳр оид ба супоришҳои протоколӣ аз машваратҳои қаблӣ, ва корҳои иҷрошуда дар ҳафтаи сипаришуда гузориш доданд.
Сипас, муовини прокурори шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи якум Раҷабзода Шоҳрух мактуби иттилоотии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дар бораи ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ ироа намуд. Тавре дар мактуб бо нигаронӣ дарҷ гардидааст, соли 2024 дар ҷумҳурӣ 509 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 52 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар шаҳри Ҳисор соли 2024-ум дар умум 19 ҳолати қасд ба ҷони худ бо усулҳои худовезӣ, худсӯзӣ, ғарқ намудан ва ғайра ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2023-юм 11 ҳолат зиёд мебошад. Дар мактуб аз бетавофутии баъзе нафарон аз аҳли ҷомеа нисбат ба ин амали номатлуб дарҷ шуда, даъват ба амал оварда шудааст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2004, №304-8 «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» раёсату шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда баҳри пешгирии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он задани шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳолатҳои даст ба худкушӣ задан дар шаҳр, асосан байни занону бонувон бештар ба назар расида, аксарияти ҳолатҳо, сабабу шароити мусоидаткунанда ва хусусияти якхела доранд. Сабабҳои асосии худкушӣ ва сӯйиқасди худкушӣ дар байни занону духтаронро мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Зулфия Васихова бемориҳои рӯҳӣ, зӯроварӣ дар оила, ба миён омадани нофаҳмиҳо бо аъзои оила, инчунин, коста шудани муносибатҳои байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, рашк, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ асабонию ғамгинӣ, майзадагӣ ва мушкилоти дигар маънидод намуд.
Ҳамчунин, сархатиби шаҳр Азалшоҳ Шарифзода худкуширо аз нуқтаи назари ислом шарҳу эзоҳ дода, ба ноогоҳӣ ва надонистани муқаддасоти дини Ислом марбут донист. Дар асоси ҳадис афзуд, ки онҳое, ки бо мақсади худкушӣ худро месӯзонанд ё меовезанд, заҳр нӯшида ба ҳалокат мерасанд ба ғазаби Худо ва оташи ҷаҳаннам гирифтор мешаванд. Гуноҳи худкушӣ дар ислом ба одамкушӣ баробар карда шудааст.
Дар фарҷоми машварат раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ» дар назди муовинон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, маориф, соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши ИНТ дар шаҳри Ҳисор, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, онҳоро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳамкории муштарак ҳидоят намуд.