Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 32-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварда, дар деҳаи Баракат бо рӯзгори хонадони афсари шаҳид, подполковник Рустам Убайдуллоев, ки ҳангоми адои вазифаи хидматӣ, дар муноқишаҳои сарҳадӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, шинос гардид.
Падари Рустам – Амонулло Убайдуллоев аз таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ сипосгузорӣ карда, иброз дошт, ки худ низ то нафақа дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси афсар хизмат карда, айни ҳол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57, ки номи фарзандаш Рустами Убайдуллоро дорад аз фанни дифои ҳарбӣ ба шогирдон дарс мегӯяд.
Ҳамзамон, бо шукргузорӣ аз фазои амну суботи кишвар афзуд, ки ҳарчанд дарду алами аз даст додани ҷигарбанд бисёр гарон аст, аз доштани чунин писар, ки дар ҳифзи марзи Ватан сина сипар кардааст ифтихор дорад ва қаҳрамоние, ки фарзандаш дар ин масир кардааст, дар лаҳзаҳои ғаму андӯҳ таскинбахши рӯҳу ҷонаш аст.
Носирзода Ҷаббор аснои суҳбат, бо паҳлуҳои зиндагии падари афсари шаҳид, аҳволи фарзандону наберагон ва пайвандонаш ошно гардида, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати ҳалли мушкилоти рӯзгор, таълиму тарбияи фарзандоне, ки аз Рустам ятим мондаанд, иброз дошт.
Раиси шаҳр ва ҳайате, ки ҳамроҳӣ мекарданд, ба падари афсар бори дигар изҳори сабру тасаллият карда, ба рӯҳи афсар ва модараш, ки ба марги писар тоб наоварда реҳлат кардааст, дуою дуруд фиристоданд.