Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПОЯГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ! САЙЁҲАТИ ТАЪРИХИИ ҲИЗБИЁНИ ҶАВОН ВА САРБОЗОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ ҲИСОР

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихор 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати ҳизбиёни ҷавон, сарбозони Ватан ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор пазироӣ намуда, аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хайрамақдам намуд.
Сипас меҳмонон аз Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор боздид намуда, аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар идома дар толори Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат-поягузори Артиши миллӣ” баргузор гардид.
Сипас ҳайати меҳмонон аз Мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии фарҳангию таърихии Ҳисор дидан намуданд.
Дар идома чорабинии рангини омоданамудаи шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор манзури меҳмонон гардонида шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ Изатуллои Ҳабибзод-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Дустмуродзода Сурайё – номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор 7, Раҳимзода Шоҳзод – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Ҳакимӣ Мавҷуда Ваҳҳоб- номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии Муминобод 21, Саидов Акрам – раиси ташкилоти ибтидоии “Ватанпарвар” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фаромади чорабинии мазкур ба сарбозони Ватан тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.