28 феврали соли равон дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор маъракаи муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба “Хати тайёр” баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ раисону механизаторони хоҷагиҳои кишоварзӣ, намояндагони КВД “Тоҷикагролизинг”, ҶСП “Агротехсервис” ва хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди шаҳр иштирок доштанд.
Пас аз азназаргузаронии техникаҳои кишоварзӣ дар мавзеи чорабинӣ ҳамоиши кишоварзон доир гардида, раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ва муовини Вазири кишоварзӣ суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз омодагии техника вобастагии амиқ дорад ва тибқи маълумотҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, айни ҳол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр 627 адад техникаҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз ҷумла тракторҳои тасмачархи шудгоркунанда 61 адад, тракторҳои нармкунанда 62 адад, нақлиётӣ 484 адад мавҷуд мебошанд. Мувофиқи маълумотҳо аз 23 адад 15 адад комбайнҳои ғаладарав, аз 36 адад 24 адад тухмипошакҳои пахтакорӣ, аз 383 адад 316 адад ядакҳои тракторӣ ва беш аз 1000 адад дигар мошинолотҳои кишоварзӣ то ба имрӯз ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода ҳастанд, ки зиёда 90 фоизро ташкил медиҳад ва дар гузаронидани корҳои саҳроӣ васеъ истифода хоҳанд гардид.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаҳо, бо мусоидати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг” ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Агротехсервис” тибқи маълумот дар соли 2024 зиёда аз 40 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ харидорӣ шуда, дар саҳро фаъолияти пурсамар доранд.
Дар натиҷаи заҳмати деҳқонон ва механизаторон нишондиҳандаҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр соли 2024 ба 1,6 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбати соли 2023 ба 154 млн. зиёд буда, суръати рушд 111,1 фоизро ташкил додааст.
Имсол дар шаҳр дар майдони 8095 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 1500 гектарро кишти пахта ва 450 гектаро картошка 1283 гектарро ғаладонагиҳо ва боқимондаро кишти сабзавот, зироатҳои хӯроки чорво ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар интиҳои чорабинӣ як қатор механизаторон ва корхонаҳое, ки дар рушди соҳа дар шаҳр саҳми назаррас доранд бо сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.







