Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

БОЗДИДИ НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ УЧАСТКАВУ ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

27 феврали соли равон ҳайати мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Ҷумҳурии Беларусро намояндагӣ мекарданд, бо роҳбарии муовини якуми Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Анфимов Леонид Василевич ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисори бостон хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин, меҳмононро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону ширинӣ истиқбол гирифта, бо мавзеҳои таърихию саноатии шаҳр, Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва Корхонаи муштараки Беларусу Тоҷикистон- ҶСП “Агротехсервис” ошно намуданд.
Зимни боздид, ҳайат аз участкаҳои интихоботӣ, воқеъ дар деҳаи Хӯҷамӯссои Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Белайдузи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор дидан намуда, бо фаъолияти кори комиссияҳо аз наздик шинос гардиданд.
Ҳайат бо саволу ҷавоб бо масъулони участкаҳои интихоботӣ, ба масъалаҳои ташвиқоти пешазинтихоботии вакилон аз ҳизбҳои сиёсӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, мизу дафтари бақайдгирии ташрифи нозирони байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо мароқ зоҳир карда, ҳамзамон, бо ҳолати омодагии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот шинос гардиданд.
Меҳмонон аз омодагии ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминон намуданд, ки интихобот ҳамчун рамзи давлати демократӣ дар шаҳри Ҳисор шаффофу озод ва тибқи талаботи Конститутсияи кишвар бо риояи меъёрҳои бисёрҳизбӣ баргузор хоҳад шуд.