Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

ДАР СУҲБАТИ МОДАРОНИ СОБИҚАДОР ВА МУЪТАБАРИ ШАҲР

6 марти соли 2025, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба муносибати “Рӯзи Модар”, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Носирзода Ҷаббор ба ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Алмосӣ, Навобод, Ҳисор ва Ориён ташриф оварда, бо модарони муътабари шаҳр, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар карданд ва фарзандони соҳибкасбу соҳибномро тарбия карда ба камол расонидаанд, дидорбинӣ намуд.
Носирзода Ҷаббор дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор ва деҳаи Истиқлоли деҳоти Сомон бо рӯзгор ва зиндагии собиқадорони соҳаи маориф, собиқ директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии русии №1, ба номи Мирзо Турсунзода – Маҳмадшоева Вера Мирзоева ва собиқ директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, ба номи Акбари Саттор – Гавҳар Мирзоева, дар деҳоти Алмосии деҳоти Алмосӣ бо рӯзгори зани куҳансоли 104-сола Меликой Низомова, ки даҳ фарзандро ба камол расонида, соҳиби наздик ба 300 набераю абера мебошад, инчунин, дар деҳаҳои Мавлоншариф, Чашмаи Моҳиён, Ҳаёти Нави деҳоти Ҳисор ва Ҳафттеппаи деҳоти Ориён модарони муътабар Гавҳар Каримова, Соҷида Расулова, Нисо Ашӯрова ва Орзугул Бобоева, дар деҳаи Ойбоши деҳоти Навобод бо рӯзгори собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ – Хайринисо Раҷабова, ки бо сабаби беморӣ бознишаста шудааст, шинос гардид ва онҳоро ба ифтихори “Рӯзи Модар” самимона муборакбод гуфта, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар баробари ҳадяи гулу туҳфаҳои идона, барои рӯзгори намунавӣ ва тарбияи фарзандони солеҳ, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун ба давлату миллат хизмати содиқона доранд, изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин, муовини якум ва муовинони раиси шаҳр ба ҷамоатҳои шаҳраки Шарора, деҳоти Деҳқонобод, Дурбат, Хонақоҳи Кӯҳӣ ва шаҳри Душанбе сафарбар шуда, занону бонувони фаъоли шаҳрро, ки собиқаи пурифтихори хизматӣ доранд, аз номи раиси шаҳр ба муносибати “Рӯзи Модар” муборакбод гуфта, туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуданд.