Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Суроға: шаҳри Ҳисор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 53, Рақами боварӣ:+992 83139 2-53-68

РОҲИ ДУ МАҲАЛЛА МУМФАРШ МЕГАРДАД

Субҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба маҳаллаҳои Ҳамадонӣ ва Рӯдакии Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ташриф оварда, дар маъракаи мумфаршкунии роҳи якчанд кӯчаи маҳаллаҳои номбурда иштирок намуд.
Аснои шиносоӣ ба роҳбари шаҳр иттило доданд, ки роҳ бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаи маҳалла дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр мумфарш гардида, масофаи он дар умум 1,5 километрро ташкил медиҳад.
Раиси шаҳр иқдоми ҷавонони ташаббускор, бахусус, фарзандони хонадони Ҳусейновҳоро туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинону меҳмонони шаҳр дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва моҳи Шарифи Рамазон маънидод карда, изҳори сипос намуд.